“Бихон!”- амрест яздонӣ
БИХОН ҲАРФЕСТ ҚУРЪОНӢ #Шеъри_Озар_Салим “Бихон!”- амрест яздонӣ, “бихон”-ҳарфест қуръонӣ, Бихон, хониш кунад рӯшан чароғи фазли инсонӣ. Бихон, то осмон борад ба фарқат нам-нами раҳмат, Бихон, то боғи дил ёбад тароватҳои ирфонӣ. Бихон, то ҳамнишин гардӣ ба Аттору ба Мавлоно, Бихон, то ошно гардӣ ба Фирдавсию Хоқонӣ. Бихон, то ки сарангушти нигоҳат парда андозад Зи рози кӯраи хокию ҳам аҷроми кайҳонӣ. Туро аз лахтаи хуне Худоят офарид, аммо Дар ин як лахта хун бигзошт неруи ҷаҳонбонӣ. Бихон, то қудрати одам биёбӣ дар чи пинҳон аст, Чи буда Ҷоми Ҷамшедию ҳам Тахти Сулаймонӣ. Бихон, то донӣ ин ҳикмат, ки оби зиндагӣ илм аст, Сикандар, лек дар зулмат варо ҷуста зи нодонӣ. Бихон, к-омӯзгоронро бидонӣ чун бисабзонанд Ҷаҳонтасхир мардоне зи тифлони дабистонӣ. Сазад, ки ҳайкале баҳри муаллим мо барафрозем, Ва аҳли дил кунад ҳар дам ба пои он гулафшонӣ. Озар Салим #Рови_Ортиқи_Қодир #Шеър #Панд #Ҳикмат #Хирад #Китоб #Китобхон #Муаллим_Омӯзгор