Добавить
Уведомления

"Китобхон" чорсола шуд

Дар ин 4 сол фаъолияти мо танҳо дар фазои маҷозӣ набуд. Дарсҳо, вохӯриҳо ва тақсими китоб аз корҳои дигарамон буд, ки сари фурсат бароятон қисса хоҳем кард. P.S: Тими "Китобхон" Агар ҳарфи имрӯзро гуфта натавонем, таърих бо тамоми далелу ҳуҷҷату бурҳонаш дар гузашта мемонад. Агар мавқеи мо имрӯз мушаххас ва устувор нест, таъриху фарҳангу тамаддунамон барои фардоямон ҳеч коре карда наметавонад. Агар ба таъриху тамаддуну фарҳангамон танҳо ифтихор кардему нозидем ва аз он сабақ нагирифтем, қатъан шикаст мехӯрем. Агар олим, донишманд, зиёӣ, рӯзноманигор, сиёсатмадору сиёсатшинос ва устодони мо ғарқ дар таърихи гузаштаамон бошанд ва дар баробари воқеъиятҳои имрӯз хомӯшу аз оянда чизе нагӯянд, пас мо бечорагон ва бадбахтони ояндаем. Агар ба ин дарк ва натиҷа нарасем, ки Худо ҳоли ҳеч қавмеро тағйр намедиҳад ва онро ба пешрафту шукуфоӣ намерасонад, магар он қавм худашон дар андешаву рафтору зиндагиашон тағйириу ислоҳотро ворид накунанд, пас ҳамеша бечораву дастнигару бардаву бадбахт хоҳем монд. Чаҳорумин солгарди барномаи “Китобхон”-ро барои тарафдорону мухлисону ҳаводоронаш табрик мегӯям ва барои якоякашон пирӯзӣ, саломатӣ ва сарбаландиву хонаободиро дар масири зиндагиашон аз даргоҳи Худои меҳрубон хоҳонам. Бихонем, то сарфароз бошем, Биомӯзем, то вораста бошем! Бо эҳтиром, Далер Шариф

Иконка канала Китобхон
10 подписчиков
12+
месяц назад

, чтобы оставлять комментарии