ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ “МЕРСЕДЕС” БАР АСАРИ САДАМА ДАР НОҲИЯИ Ҷ.РАСУЛОВ
ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба ин манбаъ, шаби 12-уми апрели соли 2022, тахминан соати 23:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Хисрави Идимат, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда Хисрави И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ ВКД алакай дар бораи ҳалокати дасти кам 5 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ хабар дод. 4 садамаи қаблӣ рӯзи 11 апрел рух дода буд.