Аз Бухоро то Душанбе андешаҳо дар бораи Шакурии Бухороӣ
Сад сол аз зодрӯзаш ва 13 сол аз вафоташ мегузарад. Аммо номи нек ва осори гаронбаҳояш ҳамоно зинда аст. Дар солҳои охири умраш, ки бештар аз 85 сол дошт, дар кӯчаҳои Душанбе пирона ва бо қомати андаке хамида қадам мезад: бо чеҳраи нуронӣ, шиму костюми утудида ва салобати ашрофона. Ин покизагиву салобат ба саҳфаҳои китобҳояш интиқол ёфтааст. Ба ҳаммиллатонаш пайваста хотиррасон кардааст: мову шумо реша дар ин хоку бум дорем, салобат, покизагӣ, ашрофият, шаҳомат, дониш, эҷод, халлоқият ва нуру зиё аз мову шумост - ба он чанг занем ва ба асли худ боз гардем. "Китобхон" ба хотири гиромидошти ёди неки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ филми зерро таҳия кард, ки умедворем ба ҳаводорони "Китобхон" писанд хоҳад омад.