Добавить
Уведомления

ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД, ВАЛЕ ИСТИҚБОЛАШ МИСЛИ ИСТИҚБОЛ АЗ МИРЗИЁЕВ НАБУД

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров (Ҷабборов) шоми 28 июн бо сафари расмии дурӯза вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Ӯ баъди анҷоми боздиди расмиаш аз Туркманистон ба Душанбе омад. Хабаргузории давлатии “Ховар” бо нашри чанд акс хабар дод, ки дар фурудгоҳи Душанбе сарвари Қирғизистонро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки маросими истиқболи расмии президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон оро дода шуда буд, баргузор гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кардааст. “Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт”, - гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ. Чунин ба назар мерасад, ки маросими истиқбол аз президенти Қирғизистон мутобиқ ба чорчӯби протоколи сафарҳои расмии сарони кишварҳо доир шудааст, вале на он шаҳомат ва шукӯҳе, ки рӯзи 10 июн зимни истиқболи гарму ҷӯшон аз президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Душанбе дида шуд. Ин нахустин дидори рӯбарӯи президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов баъд аз муноқишаи хунини ду моҳ пеш дар марзи вилоятҳои Суғду Бодканд аст, ки аз ҳар ду тараф беш аз 50 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи нафақат низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ дар чанд даҳсолаи охир дониста мешавад.

12+
16 просмотров
год назад

, чтобы оставлять комментарии